Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хостори таҳкими забони русӣ дар Тоҷикистон шуд


Мақомоти Русия мегӯянд, ба афзоиши мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон мусоадат хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ин тасмим дар ҷараёни сафари вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон гирифта шудааст. Хабаргузории “Русский мир” мегӯяд, Маскав на танҳо ин мактабҳоро аз китоби дарсӣ ва таҷҳизоти фаннӣ таъмин, балки омӯзгоронро барои такмили ихтисос ба донишгоҳҳои Русия даъват хоҳад намуд. Ин манбаъ мафзояд, Лавров дар Душанбе гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки тибқи қонуни асосӣ ба ақаллиятҳои миллӣ имкони омӯзиш ба забони модариро диҳад. Бино бар як хабари дигар Кумиссюни аттестатсионии Русия аз олимони тоҷик хостааст, барои дарёфти унвони илмӣ аввал забони русиро омӯзанд.
XS
SM
MD
LG