Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони мусулмонони Русия додгоҳи шариатро рад кардаанд


Раҳбари идораи марказии мусулмонони Русия Талъат Тоҷиддин ва муфтии аъзами Маскав Албир Крганов гуфтанд, ҷорӣ кардани қонуни шариат хилофи асли ҷудоии дину давлат дар Русия аст. Онҳо ба вакили доғистонӣ Дагир Ҳасанов посух доданд, ки гуфтааст, мусулмонони Русия хостори додгоҳи шариатанд, зеро ба додгоҳҳои мавҷудаи дунявӣ бовар надоранд. Ҳизби мухолифи “Яблоко” гуфтааст, Ҳасановро барои “ангехтани нафрат ва тундгароӣ” ба додгоҳ хоҳад кашид. Вазорати умури дохилии Русия ба таҳқиқи ҷиноии суханони Ҳасанов пардохтааст.
XS
SM
MD
LG