Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоён таронаи бадмедидагии Брейвикро мехонанд


Ҳазорон нафар аз норвегиҳо қарор аст, ба кӯчаҳои Осло, пойтахти Норвегия бароянд ва якҷоя сурудеро сароянд, ки нажодпарасти тундрав Брейвик бад мебинад. Брейвик, ки барои куштани 77 нафар дар як бомбгузорӣ ва тирандозии моҳи июли гузашта дар додгоҳ муҳокима мешавад, гуфтааст, ки таронаи “Бачаҳои ҳафтранг” як мағзшӯии марксистист. Тазоҳуркунандагон мехоҳанд, аз паҳлуи маҳбасе, ки Брейвик он ҷост гузаранд ва ӯ садои онҳоро шунавад. Рӯзи чаҳоршанбе Брейвик дар додгоҳ хулосаи пизишкиро, ки ӯ бемори рӯҳист, рад кард ва онро як тақаллубе барои шармсории худ номид.
XS
SM
MD
LG