Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ: Нархи ғизо дар ҷаҳон 8% афзудааст


Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, нархи хӯрокворӣ дар ҷаҳон аз нав дар ҳоли афзоиш аст. Бонк мегӯяд, болоравии нави нархҳо дар заминаи гарон шудани нафт, обуҳавои номусоид ва талаботи густардаи Осиё ба озуқа иттифоқ афтодааст. Ба ин тартиб нархи ғизо дар ҷаҳон дар се моҳи гузашта 8 дарсад афзудааст. Бо вуҷуди ин нархҳо аз ҳисоби миёнаи феврали соли 2011 як дарсад поинтар мебошанд. Яке аз сабабҳо ин будааст, ки нархи биринҷ ахиран рӯ ба коҳиш ниҳодааст.
XS
SM
MD
LG