Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи фаъолияти ҳизбҳои мазҳабиву қавмӣ дар Либия


Мақомоти Либия дар бораи манъи фаъолияти ҳама аҳзоби дар пояи мазҳабу қавм таъсисшуда тасмим гирифтанд. Намояндаи Шӯрои миллии гузори Либия, ки баъд аз суқути Муаммар Қаззофӣ идораи кишварро бар дӯш дорад, гуфт, ҳадаф аз ин тасмим ҳифзи ягонагии миллист.

Ҳаракати исломии “Ихвон-ул-мусилимин” ин қарори мақомотро маҳкум кард ва гуфт, ки он умумияте бо демократия надорад. Аз ин пеш ин ҷунбиш ба хотири ширкат дар интихоботи парлумонии моҳи июн ҳизби Озодӣ ва рушдро таъсис карда буд.

Дар Тунис ва Миср, ки соли гузашта бар асари эътирозҳои оммавӣ ҳукуматҳо суқут карданд, маҳз гурӯҳҳои исломӣ дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуданд.
XS
SM
MD
LG