Пайвандҳои дастрасӣ

Сафирони Иттиҳоди Аврупо ба Минск бармегарданд


Иржи Карас, сафири Ҷумҳурии Чех дар Белорус

Иржи Карас, сафири Ҷумҳурии Чех дар Белорус

Сафирони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Минск бармегарданд. Қарор аст, ки то охири ин ҳафта сафирони Ҷумҳурии Чех, Шветсия ва Эстония дубора дар пойтахти Белорус ба фаъолият шурӯъ кунанд.

Сафирони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо моҳи феврал баъд аз он Минскро тарк намуданд, ки ҳукумати Белорус ба нишони эътироз алайҳи таҳримҳои нави Итиҳоди Аврупо барои нақзи ҳуқуқи башар сафири Лаҳистон ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупоро аз кишвар хориҷ кард.

Дипломатҳои аврупоӣ барои бозгашт ба Минск баъди он тасмим гирифтанд, ки раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ду маҳбуси сиёсӣ – собиқ номзад ба мақоми президентӣ Андрей Санников ва раиси стоди ӯ Дмитрий Бондаренкоро аз ҳабс озод кард. Иттиҳоди Аврупо барои раҳоии ҳама маҳбусони сиёсӣ аз зиндонҳои Белорус пойфишорӣ дорад.
XS
SM
MD
LG