Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони тими футболи «Равшан»-и Кӯлоб муҷозоти Кумитаи назорату интизоми ФФТ-ро дар нисбати бозингарони ин даста якҷониба ва ҳамзамон ноодилона арзёбӣ кардаанд.

Рӯзи сешанбеи 24-уми апрел Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии тимҳои «Равшан» -и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо, ки ҳафтаи гузашта бо ҳисоби 1:0 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб анҷом гирифт, баҳогузорӣ кардаанд.

Ба пояи тасмими Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, бархе аз бозигарони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб барои рафтори ношоям муқобили ҳарифонашон рӯзи панҷшанбеи 19-уми апрел дар бозии даври севум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, вайрон кардани регламент ё дастури мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ва риоя накардани қоидаҳои бозии футбол, чунин ҷазоҳо гирифтанд.

Сафаралӣ Каримов барои сахт маҷрӯҳ кардани рақибаш аз 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд. Бенҷамин Аманква барои ду корти зард, аз як бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. Ҳасан Рустамов, Эраҷ Холов ва Маъруф Рустамов барои рафтори беадабона ва ғайриварзишӣ дар ҷараёни ин бозӣ ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Ҳамчунин Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Эраҷ Холов ва Маъруф Рустамов огоҳонида шуданд, ки дар мавриди такрор кардани чунин амал, нисбати онҳо ҷазоҳои сангин эълон карда хоҳад шуд.

Аммо ба таъкиди масъулони тими футболи «Равшан», онҳо дар протоколи ҷамъбастии бозӣ, ки мураббиёни ин даста имзо гузоштаанд, чунин шикоёте, ки ба ҳангоми тасмими муҷозот додан зикр шудааст, аз ҷониби масъулони тими футболи «Истиқлол» ба назар намерасид, вале ба онҳо нусхаи он протоклро надода, баъдан мушоҳида мешавад, ки ивазаш кардаанд.

Баҳром Рустамов, сардори дастаи футболи «Равшан» мегӯяд, агар доварон шикоёти ҳарду ҷонибро ба назар гирифта протокол менавиштанд, шояд қарори ин Кумитаи федератсия дар нисбат ба бозингарони онҳо сабуктар мешуд.

Дар ҳоле, ки ба таъкиди Баҳром Рустамов, камбудиҳо дар ҷараёни бозӣ аз ҷониби ҳар ду даста мушоҳида шуд, вале онҳоро муҷозоти сангину якҷониба ва дар бархе маврид беасос нигарон кардааст. Доварон, ба гуфтаи ӯ, ҳангоми бозӣ танҳо «ҷурм»-и бозингарони дастаи «Равшан»-ро медиданд ва аз хатоҳои бозингарони дастаи «Истиқлол» чашм мепӯшиданд.

Рустамов гуфт: «Дар даври аввал, бозии дағалона аз ҷониби дастаи «Истиқлол» ҳам шуд, вале ягон корт ба онҳо аз ҷониби довар дода нашуд. Ҷазое, ки барои дасти доварро қапидан ба сармурабии «Равашан» доданд, аз ҷониби бозингарони «Истиқлол» дағалтараш ба мушоҳида расид, вале ба ин аҳмият надоданд. Ҳарчанд, мувофиқи низомнома, ин ҷазоҳо нисбат ба рафтори бозингарон хеле сахт аст.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баҳои худро ба бозии тими «Равшан» ва «Истиқлол», пас аз панҷ рӯзи баргузории рақобати ин ду даста эълон кард, ки ҳадсу гумонҳоеро ба бор овардааст.

Зеро Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар иловаи он, ки аз муассисон ва сарпарастони аслии тими футболи «Истиқлол» маҳсуб мешавад, ҳамзамон раиси Федератсия футболи Тоҷикистон мебошад ва ба ин далел соҳибназарон мегӯянд, дар тасмимии Кумитаи назорату интизоми ин Федератсия ин амр таъсиргузор аст.

Афзун бар ин, ин соҳибназарон муҷозоти тими футболи «Равшан» аз Федератсияи футболи Тоҷикистонро ҳушдор барои дигар аз дастаҳо медонанд, ки дар оянда бо тими футболи «Истиқлол» бозӣ хоҳанд кард. Чун тими «Истиқлол» -и Душанбе, ки қаҳрамони аслии Лигаи Олии футболи Тоҷикистон аст, соҳибназарон мегӯянд, ҳамеша дар муқобили рақибонаш пирӯзиро ба ҳар василае, ки ба даст меояд, бартар медонад.

Дар ҳамин ҳол, Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ мегӯяд, нишасти Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар замони таъйиншудаи низомномаи ин федератсия сурат гирифта ва ҳар камбудие, ки дар рафти бозӣ ба амал меояд, бояд сардовар сабт кунад ва дар охир пас аз тартиб додани протокол роҳбарони дастаҳо дар он имзо бикунанд. Дар сурати розӣ набудан, онҳо ҳаққи шикоят ба Федератсияи футболи Тоҷикистонро доранд.

Аммо ба гуфтаи шореҳи варзиши Радиои Озодӣ, мувофиқи низомнома танҳо сардовар ҳуқуқи баҳогузорӣ ба рафти бозиро дорад: "Дар ҷараёни бозӣ танҳо як нафар, яъне сардовар ба рафтори бозингарон, мураббиён ҳуқуқи баҳогузорӣ дорад. Дар ҷараёни бозӣ ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба кори ӯ фишор оварад, дахолат кунад. На Нарзуллоҳи Латиф

Нарзуллоҳи Латиф

муррабиён, на мухлисон, на бозингарон ва на шахсони дигар. Танҳо нозири бозӣ пас аз анҷоми дидор ба доварон баҳогузорӣ мекунад ва ҳамчунин нозири бозӣ дар бораи умуман чӣ гуна баргузор шудани бозӣ, агар бенизомиҳо бошад ва ё аз ҷониби доварон ноҳаққӣ рух дода бошад, дар ин бора ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ба таври хаттӣ гузориш медиҳад."

Бо ин ҳам, муҷозоти бозингарони дастаи «Равшан» мояи нигаронии мухлисони даста шудааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Ҷамшед, яке аз мухлисони ин даста, эҳсос мешуд, ки доварон дар тасмимгириҳои худ мустақил нестанд ва чунин рафторҳои онҳо дар даври дуввум бозингарону мухлисонро асабӣ мекард.

«Шояд болои судяҳо фишор буд, вале онҳо ба ҷои «сала кала оварданд». Дар даври аввал аз ҷониби бозингарони «Равшан» рафторҳои нодуруст мушоҳида намешуд, вале вақте, ки судяҳо нодуруст баҳогузорӣ мекарданд, бозингарон асабӣ мешуданд. Ин ҷо, аслан айби судяҳо буд, ки ҳамаро асабӣ мекарданд ва чунин рафторҳо баъди ин сар мезад.»

Муҷозоти тими футболи «Равшан» пас аз пирӯзиаш дар майдони худ бар дастаи «Истиқлол» дар ҳолест, ки моҳи июни соли гузашта дар ҳамин варзишгоҳ дастаи «Равшан» аз тими футболи «Истиқлол» бар ҳисоби 1:0 мағлуб шуда буд. Аммо гуфта мешавад, дар поёни ин бозӣ мухлисони “Равшан” ба нишони эътироз аз бохти ин тим ба доварон ва милисаҳо дарафтода, шишаҳои мошинҳои меҳмононро низ шикастанд. Нирӯҳои милиса барои пароканда кардани издиҳом аз васоили вижа, аз ҷумла аз халтаҳои тарканда истифода бурд.

Додситонии вилояти Хатлон алайҳи 5 омили занозанӣ баъд аз бозии шоми тимҳои футболи “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи Кӯлоб парванда боз кард, ки ду тан аз муттаҳамон ноболиғ буданду ҳамагӣ 15 ва 17 сол доштанд. Аммо дар маҷмӯъ нисбати 100 нафар мухлисон парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ боз шуда буд ва дар ниҳоят 18 нафари онҳо аз 2 то 4 сол ба ҳабс муҷозот шуда буданд, аммо баъдан дар пайи иҷрои Қонуни афв раҳо шуданд.

Он замон низ Федеросиюни футболи Тоҷикистон тими футболи “Равшан”-ро ба маҳзи рафтори мухлисонаш 3 000 сомонӣ ҷарима баст ва аз ҳаққи мизбонии 5 бозии оянда маҳрум кард.

Ҳамакнун дар вокуниш ба муҷозоти содиркардаи Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, масъулони «Равшан» тасмим доранд, ки ба ин Федератсия ҷиҳати сабуктар кардани ҷазоҳо нома ирсол доранд. Зеро умедворанд, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба арзи онҳо расидагӣ хоҳад кард.

Ин наворро мухлисони дастаи "Равшан" дар шабакаи Ютюб гузоштаанд:



Лаҳзаҳое аз бозии дастаҳои "Равшан" ва "Истиқлол", ки аз ҷониби хабарнигори мардумӣ Ҷовидон дар навори видео сабт шудаанд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG