Пайвандҳои дастрасӣ

Э. Раҳмон дар маросими савганди Путин ширкат намекунад


Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими савганди раисҷумҳури Русия Владимир Путин ширкат нахоҳад кард. Як манбаъ дар мақомот ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин даъватнома аз ҷониби Русия ҳам ба Тоҷикистон наомадааст. Ба қавли ин манбаъ, маросими савганд солҳои ахир ба як маъракаи сирф дохилӣ табдил ёфтааст, аз ин хотир, аз даъвати меҳмонони хориҷӣ дар аксари кишварҳо даст кашидаанд. Вай афзуд, эҳтимолан сафирони кишварҳои муқими Русия ба ин маросим даъват шаванд. Қаблан дафтари раисҷумҳури Русия эълом дошта буд, ки ба ин маросим тамоми раисҷумҳурони ИДМ даъват шудаанд. Аммо пас аз ин расонаҳо боз аз қавли Кремл иттилоъ доданд, ки ба маросими савганд меҳмонони хориҷӣ даъват нашудаанд. Владимир Путин, нахуствазири Русия рӯзи 4-уми марти соли равон дигарбора бо касби 63 дарсади раъйи интихобкунандагон ба маснади раисҷумҳурӣ расид. 7-уми май ӯ савганд ёд мекунад ва ба иҷрои вазифаҳояш ҳамчун раисҷумҳур шурӯъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG