Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД дар ҷустуҷӯи "дилдода"-и пешини Фарзона


Фаррух Рӯзиев ва Фарзонаи Хуршед дар толори додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт (Акс аз бойгонӣ)
Фаррух Рӯзиев ва Фарзонаи Хуршед дар толори додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт (Акс аз бойгонӣ)

Фаррух Рӯзиев, ҷавоне, ки ҳамроҳи Фарзонаи Хуршед аз додгоҳ фирор карда буд, дигарбора аз сӯи мақомот ҷустуҷӯ мешавад.

Субҳи рӯзи 25-уми апрел дар ин бора яке аз хонандагони торнамои "Озодӣ" нома навишта ва гуфта буд, ки Фаррух Рӯзиев бо ҳамроҳии як нафари дигар дар маҳаллаи "Зарафшон"-и Душанбе ҷиноят содир кардааст. Вай аз мо хоста буд, то ҷузъиёти ин қазияро рӯшан кунем.

Нусратулло Саидов, як масъули дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Фаррух Рӯзиев, бо тахаллуси "Кузя" ва Азамат ном рафиқаш дар ҳамдастӣ ба куштори як нафар дар маҳаллаи "Зарафшон"-и пойтахт гумонбар дониста мешаванд. Ба қавли ӯ, пас аз ин куштор ҳарду фирор кардаанд.

Соли 2010-ум додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фаррух Рӯзиевро ба 10 соли зиндон маҳкум карда буд. Додгоҳ он замон Фарзонаи Хуршедро, ки дӯстдухтари Фаррух Рӯзиев муаррифӣ мешуд, низ барои 2 сол равонаи зиндон намуд.

Достони ин ду "дилдода" рӯзи 12-уми январи соли 2010, замоне оғоз ёфт, ки Фарзонаи Хуршед дӯстдоштааш Фаррух Рӯзиевро, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва фиреб додани як нафар бо исми Бозоров ба маблағи 33 000 доллар дар боздошт қарор дошт, аз назди дарвозаи додгоҳи ноҳияи Сино гирифт ва бо мошини “Лексус” –аш роҳии Варзоб шуд. Ҳарду дилдодаро баъд аз як рӯз дар Варзоб боздошт карданд.

Ба гуфтаи мақомот, дар баробари Фарзонаи Хуршед бар пояи Қонуни афви бахшида ба 20-солагии истиқлолият Фаррух Рӯзиев низ авф шуда буд. Фарзонаи Хуршед дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошта буд, ки дигар бо ӯ робитае надорад.
XS
SM
MD
LG