Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти Путин ба Кремл баҳсҳо дар бораи нуфузталабии Маскав дар қаламрави собиқ Шӯравиро гармтар кардааст.

Шореҳон мегӯянд, тирамоҳи гузашта дар пайи пешбарии Путин ба мақоми президенти Русия, ӯ дар бораи барномаи поягузории Иттиҳоди Авро-Осиёии мушобеҳ ба Иттиҳодияи Аврупоӣ ҳарф зад, ки эҳтимол кӯшиши пинҳонии эҳёи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё ҳадди тавсеаи нуфузи Кремл рӯи ҷамоҳири собиқ шӯравӣ бошад.

Аммо шореҳи маркази пажӯҳишҳои стратегӣ ва байналмилалии шаҳри Вашингтон Ҷефрӣ Манкофф (Jeffrey Mankoff) бар ин назар аст, ки шояд чунин пешқазоват дуруст набошад, зеро худи Маскав дигар хоҳиши рехтани сармояву кӯмак ба ин ҷумҳуриҳоро надорад.

Дар як сӯҳбати ихтисосии телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Ҷефрӣ Манкофф пурсидем, ки чаро ӯ ба нигаронии баъзе шореҳони амрикоӣ аз ин барномаҳои Путин ҳамроҳ нест?

Манкофф: “Дар мавриди ин Иттиҳоди Авро-Осиёӣ, аъзои эҳтимолии он ва тарзи вуруд ба ин гурӯҳ мо ба маълумоти бештар эҳтиёҷ дорем. Сарфи назар аз баъзе ташвишҳое, ки ин ҷо дар Вашингтон мешунавем, ин кӯшиши эҳёи Шӯравӣ нест ва воқеан ин Иттиҳод аз нуқтаи назари ҳамоиши иқтисодӣ, фоидаи зиёд дорад. Кишварҳои узв аз ҳисоби таҳкими ҳамкориҳову ҳамоиш фоидаи бештар гирифта метавонанд. Муҳим ин аст, ки ба монанди дигар созмонҳои минтақавии зери нуфузи Маскав чун паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ва ё ЕВРАЗЭС, ҳар кишвар бо интихоби худ бидуни фишор дар ин барномаҳои ҳамоиш тасмим гирад.”

Радиои Озодӣ: Хуб, муҳтарам Ҷефрӣ Манкофф, агар мо Украинаро мисол бигирем, ин кишвар дар орзуи ҳамоиш бо ниҳодҳои аврупоӣ ҳасту Русия ҳамаҷониба саъй дорад, Киевро ба тарафи худ ва Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус, Қазоқистон моил кунад? Шояд нигаронии шореҳон дар Вашингтон аз ҳамин ҷо сарчашма гирад?

Ҷефрӣ Манкофф

Ҷефрӣ Манкофф

Манкофф: “Воқеан мизони ҳамоиши Иттиҳоди Авро-Осиёӣ аз дигар созмонҳои шабеҳи Евразэс(Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Авро-Осиё, ки Русия, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви комилҳуқуқ ва Арманистон, Молдова ва Украина нозири он мебошанд) амиқтар хоҳад буд. Вале боз ҳам, ба фикри ман, дар марҳилаи кунунӣ ИМА набояд ба танқиду маҳкум намудани ин пешниҳод рӯ орад. Ман бар ин ақидаам, ки Вашингтон бояд истиқлолу соҳибихтиёрии ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқ шӯравиро таъкид намуда, ба ҳаққи ин ҷумҳуриҳо дар интихоби бидуни фишори хориҷии узвияташон дар созмону паймонҳо ишора кунад.”

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол ҷаноби Манкофф, шумо ҳам пешбинӣ мекунед, ки ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ шояд мухолифат ҳам кунанд ва аммо тахмин кардаед, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба даъватҳои узвият дар Иттиҳоди Авро-Осиёӣ посухи мусбат медиҳанд. Ҳозир мизони тиҷорату сармоягузории Чин дар ин ду ҷумҳурӣ хеле бештар аз Русия аст. Чаро Чин неву Русия?

Манкофф: “Бале, мизони сармоягузориву тиҷорати Чин бо Тоҷикистону Қирғизистон болотар аз Русия аст. Вале садҳо ҳазор муҳоҷири кории ин ду ҷумҳурӣ дар Русия ҳастанду пуле, ки онҳо ба ватан мефиристанд, сарчашмаи муҳими иқтисоди ин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бо Русия таъсири мутақобил дорад. Ин ҷу ҷумҳурӣ нисбатан ноором ҳастанд. Дар ду соли гузашта мо шоҳиди ташаннуҷ дар ин кишварҳо шуда будем. Ҳарчанд ки дар Тоҷикистон ин ташаннуҷ мизони хеле хурдтар дошт. Хуллас, сарфи назар аз он, ки Чин коршарики асосии ин ду кишвар дар тиҷорат аст, Русия нуфузи сиёсиву иқтисодиаш дар Тоҷикистону Қирғизистонро ҳифз хоҳад кард."

Радиои Озодӣ: Бисёре аз шореҳон бо ишора ба беруншавии сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон дар соли 2014-ум ба имкони ноором шудани Осиёи Марказӣ таъкид мекунанд ва мегӯянд, ки рушди иқтисодӣ ягона давои дарозмуддати Осиёи Марказӣ ва ба хусус Тоҷикистон аст. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Манкофф: “Дуруст аст. Мо намедонем, ки баъди хуруҷи сарбозони хориҷӣ аз Афғонистон он ҷо чӣ иттифоқ меафтад. Шояд ҷангҷӯён ва қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзҳои Афғонистон бо ҷамоҳири Осиёи Марказӣ фаъолтар шуда, вазъро ноором кунанд. Дар ин вазъ рушди иқтисодӣ воқеан давои даромуддат аз нооромиҳо мебошад. Мутаассифона, Тоҷикистону Қирғизистон дар бунбасти ҷуғрофӣ қарор дошта, аз дастовардҳои тиҷорати саросарӣ ва глобализатсия ба қадри кофӣ истифода бурда наметавонанд. Ба фикрам ҳамоишу таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин чорчӯб, яъне хоҳ ҳамоиши амиқтар бо Русия аст, хоҳ он Иттиҳоди гумрукӣ аст ва ё Иттиҳоди Авро-Осиёӣ ба нафъи ҳамаи ҷонибҳо ва аз ҷумла ИМА аст. Ба фикрам он чизе дар ин раванд бояд ҳифз шавад, ин соҳибихтиёрии ҳамин кишварҳо дар интихоби мизони ҳамкориҳову ҳамоиши он мебошад.”

Радиои Озодӣ: Ташаккур аз шумо Ҷефрӣ Манкофф шореҳи маркази пажӯҳишҳои стратегӣ ва байналмилалии шаҳри Вашингтон.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG