Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Леон Панетта ба Кореяи Шимолӣ


Леон Панетта
Леон Панетта
Леон Панетта, вазири дифои ИМА, ба Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки дар оянда аз дасисабозӣ даст бардорад. Зимни суханронӣ дар Бразилия ӯ гуфт, ки ин гуна амалҳо “боиси ноором шудани авзоъ дар ин минтақаи хатарбори олам мегардад”.

Изҳороти раҳбари Пентагон дар пасманзари хабарҳо дар мавриди имкони озмоишҳои ҳастаӣ аз сӯи Пхенян дар ҳафтаҳои наздик садо дод. Ба иттилои нашрияи Chosun Ilbo ("Чосон ильбо") , чопи Сеул, омодагиҳо ба озмоишҳо дар ҳамон тамрингоҳе идома дорад, ки Кореяи Шимолӣ солҳои 2006 ва 2009 ду бор бомби ҳастаиро озмоиш карда буд.

Рӯзи душанбе сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ изҳороти вазорати дифои Кореяи Шимолиро дар он бора, ки пойтахти Кореяи Ҷанубиро ба харобазор табдил хоҳад кард, маҳкум намуд.

ИМА баъди рӯзи 13 апрел аз сӯи Пхенян ба фазо партоб кардани мушак ироаи ёриҳои иборат аз маводи озуқа ба Кореяи Шимолиро мутаваққиф кард. Ин мушак чанд лаҳза баъд аз партоб дар уқёнус суқут карда буд. Бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки Пхенян оламиёнро гӯл зада дар асл мехоҳад мушаки ҳастаиро озмоиш кунад.
XS
SM
MD
LG