Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ таваҷҷуҳро ба вазъи ҳуқуқи башари Эрон ҷалб кард


Ширин Ибодӣ, ҳомии ҳуқуқи башари эронӣ ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз кишварҳои ғарбӣ хост то нагузоранд, ки низоъ оид ба барномаи ҳастаии Эрон рӯи мушкили вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар соя афканад.

Дар як нишаст оид ба сиёсати беруна дар шаҳри Чикаго хонум Ибодӣ аз пешрафт дар музокироти миёни Эрон ва кишварҳои ғарбӣ дар Истамбул истиқбол кард ва аммо афзуд, ӯ мухолифи робитаҳои дӯстона бо кишварест, ки он ҷо 30 сол боз ҳуқуқи башар, аз юумла, ҳуқуқҳои занон, поймол мешавад.

Ба гуфтаи Ширин Ибодӣ, теъдоди занони эронии дорои маълумоти олӣ хело зиёд аст ва аксари мардҳои эронӣ мутмаинанд, ки ислоҳотро дар кишвар фақат дар сурати дифоъ аз ҳуқуқҳои занон метавон пиёда сохт.
XS
SM
MD
LG