Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паради низомӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба


Ҳудуди 1500 нафар сарбозу афсари Тоҷикистон дар паради низомӣ бахшида ба 67- умин солгарди ғалаба бар фашизм ширкат хоҳанд кард. Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парад рӯзи 9-уми майи соли ҷорӣ бо ширкати раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Вай афзуд, дар ин парад ҷузъу томҳои вазорати дифоъ, горнизони шаҳри Душанбе, нерӯҳои марзбонӣ, Гвардияи миллӣ ва донишгоҳҳои низомӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG