Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ ба сотсиалистҳои тоҷик баъд аз 7 сол посух дод


Мирҳусейн Назриев, раҳбари ҷиноҳи сабтиномнашудаи ҲСТ.

Мирҳусейн Назриев, раҳбари ҷиноҳи сабтиномнашудаи ҲСТ.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба аризаи шикоятии раҳбарияти Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон (ҷиноҳи Назриев) пас аз ҳафт сол посух додааст.

Мирҳусейн Назриев, сарвари ин ҷиноҳи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, ки аз сӯи вазорати адлия расман шинохта намешавад, мегӯяд, аз номи Иброҳим Салом, сарвари Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба унвони роҳбарияти ҲСТ номае расидааст.

Ба гуфтаи Нарзиев, роҳбарияти ҳизб ҳанӯз 18-уми ноябри соли 2005 дар бораи муносибати ғайриқонунии ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарият ва фаъолони ҲСТ шикоят карда буданд.

Вай афзуд, дар ин шикоят аз Кумитаи ҳуқуқи башари СММ хоста мешуд, ки ба куштори собиқ раиси парлумони Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Маҷлиси Олӣ ва асосгузори ҲСТ Сафаралӣ Кенҷаев дар соли 1999, нақзи ҳуқуқи номзадони ҲСТ ба вакилии Маҷлиси Олӣ дар интихоботи парлумонии соли 2000 баъд аз мавқегирӣ алайҳи райъпурсии умумихалқии соли 2003 (бахусус додани ду мӯҳлати идоракунии ҳафтсола ба президент, аз миён бурдани таълиму табобати ройгон) расидагӣ кунад.

Мирҳусейн Назриев афзуд, ҳамчунин аз ин кумитаи СММ хоста мешуд, ки дахолати дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар шахси мушовирони давлатии президент Қурбон Восиев, Кароматулло Олимов ва вазорати адлия дар масъалаи бо роҳи тақаллуб ташкил кардани Ҳизби сотсиалистии дигар таҳти сарварии Абдуҳалим Ғаффоровро баррасӣ намояд.

Дар номаи сарвари Кумитаи ҳуқуқи башари СММ омадааст, ки даъвои роҳбарияти ҲСТ – и ҷиноҳи Нарзиев 23 июн, 24 август ва 27 октябри соли 2011 дар кумита баррасӣ шуда, ҳамзамон нусхаи аризаи шикоятӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бино ба ин нома, ҳукумати Тоҷикистон ба даъвои ҲСТ посухи худро фиристодааст ва ҳоло Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз ҲСТ –и ҷиноҳи Назриев тафсилоти бештар хостааст. Мирҳусейн Назриев гуфт, санадҳои заруриро ҳоло ҳизб омода карда, ба СММ хоҳад фиристод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG