Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси донишгоҳи тиббӣ: "Боистеъдодҳо ноумед намераванд"


Убайдулло Қурбонов, раиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Убайдулло Қурбонов, раиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Гуфтугӯи хабарнигори Радиои Озодӣ бо раиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Убайдулло Қурбонов.

Радиои Озодӣ: Шумо як ҷарроҳӣ варзида ҳастед, оё наметарсед, бо ин вазифаи масъуле, ки бар дӯш доред, ба як мансабдори маъмулӣ табдил меёбед?

Убайдулло Қурбонов: “Новобаста аз он ки роҳбари Донишгоҳи давлатии тиббӣ ҳастам, дар як сол тақрибан 200 амалиёти ҷарроҳиро низ анҷом медиҳам. Ҳар рӯз аввал соати 6-и субҳ ба беморхона рафта, як ё ду амалиётро мегузаронам. Баъд, соати 9 ё 10, ба донишгоҳ омада то бегоҳ дар ин ҷо кор мекунам. Бегоҳ пеш аз хона рафтан ба беморхона даромада аз вазъи беморон огоҳ мешавам. Бар иловаи ин, вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси Миллӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ, илм ва маорифро низ бар дӯш дорам. Аз ин тақдире, ки дорам, хушҳолам.”

Радиои Озодӣ: Шунидем, ки аввалин бор амалиёти шинонидани мӯйи сарро дар Тоҷикистон як сол пештар таҷриба кардаанд...

Убайдулло Қурбонов: “Бале, якуним сол пеш ин амалиёт дар Тоҷикистон анҷом шуда буд, аз тарафи гурӯҳи мо, аз тарафи банда. Фақат ба як хотир, рости гап. Бисёр ҷавонҳои мо, абармардҳои мо, ки мӯйи сарашон рехта ва қисми сарашон бемӯй аст, дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ амалиёт мегузаронанд. Дар Эрон ҳам ин чиз хеле рушд кардааст. Ҳамин хел суол ба миён омада буд, ки оё ҷарроҳони мо аз ӯҳдаи ин кор мебаромада бошанд, ё не. Яъне, ҷарроҳони тоҷик. Чунки агар мо ин корро накунем, мутахассисони хориҷӣ омада ин корро мекунанд. Банда ба хотири нангу номуси миллӣ ин корро анҷом додам.”

Радиои Озодӣ: Умуман тоҷикон зиёд ба намуди зоҳирии худ аҳамият медиҳанд?

Убайдулло Қурбонов

Убайдулло Қурбонов

Убайдулло Қурбонов: “Хоҳишмандон хеле зиёд ҳастанд барои гузаронидани амалиёти зебоӣ ё эстетикӣ. Тибқи муроҷиати муштариён, мо ин корҳоро анҷом медиҳем. Аз сабаби он, ки ҳадафи мо аз ин корҳо ба даст овардани пули зиёд нест, рости гап, таблиғ ҳам намекунем. Сокинон аз якдигар шунида ба мо муроҷиат мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Оё беҳтар нест, ки каму беш ташвиқу тарғиб бошад, натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он. Шояд аз Афғонистон аст ё Эрон ҳам муштариён муроҷиат кунанд...?

Убайдулло Қурбонов: "Имрӯз мо аз Эрону Афғонистон ва Покистону Туркия ҳам муштарӣ дорем. Муроҷиат мекунанд. Хусусияти ин амалиёт дар он аст, ки баъзе вақт мизоҷон дар ҷои зисти худ ин амалиётро намегузаронанд, то барои дигарон ошкор нашавад."

Радиои Озодӣ: Шумо солҳои ахир се дафъа муддатҳои тӯлонӣ дар Олмон таҷриба омӯхтед. Оё ин таҷрибаомӯзӣ дар тавсеаи амалиёти зебоисозӣ дар Тоҷикистон нақш доштааст?

Убайдулло Қурбонов: "Бисёр амалиёти наве, ки дар даҳсолаи ахир мо ворид кардем, махсусан ҷарроҳиҳои зебоисозӣ ё эстетикӣ ба шарофати мутахассисони тоҷикистониву олмонӣ сурат гирифтааст. Чунки усули бисёр амалиётро мо аз мутахассисони Олмон, аз устодони худ, омӯхта ва дар ин ҷо омада ворид кардем."

Радиои Озодӣ: Шумо аз хонаводаи афроди сарватманд набудед, аммо бахтатон хандиду ба Донишгоҳи тиббӣ шомил шудед. Баъдан, дар солҳои ҳаштодум, боз бахтатон хандид, ки ба Санкт-Петербург фиристоданд, то Шумо касби ҷарроҳии реконструктивиро аз худ намоед. Оё имрӯз ҳам ҷавонҳои тоҷик аз деҳот ҳамин хел имкониятро доранд?

Убайдулло Қурбонов: "Шурӯъ мекунем аз масъалаи шомил шудан ба донишгоҳҳо. Шояд дар донишгоҳҳои дигар проблема бошад (дар ин бора баҳс намекунам). Аммо аз он рӯзе, ки тими мо ё ман роҳбарриро дар донишгоҳи тиббӣ ба ӯҳда гирифтам, тӯли ҳафт сол фақат бо як нақша кор мекунем. Ягон довталабе, ки донишу саводи кофӣ дошта бошад, ноумед аз донишгоҳи тиббӣ барнамегардад. Ҳарчанд овозаҳо хеле зиёд аст, ки ставкаи воридшавӣ ба донишгоҳ 10 -12 ҳазор доллар аст, ин дурӯғ аст. Баръакс, худи мо истеъдодҳоро ҷустуҷӯ мекунем."

Радиои Озодӣ: Дар даврони Шӯравӣ донишгоҳи тиббии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои боэътимод буд ва барои таҳсил дар он аз хориҷа ҷавонон меомаданд. Ҳоло чӣ хел аст?

Убайдулло Қурбонов: "Фикр мекунам, даҳ сол пеш донишгоҳи тиббӣ дар ҳолати хеле хеле ногувор қарор дошт. Худи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи маорифу иҷтимоъ дар ҳамин вазъ буд. Аммо дар ин ҳафт соле, ки гурӯҳи мо дар роҳбарияти донишгоҳ кор мекунад, вазъ тағйир кардааст. Барои мисол, ҳафт сол пеш буҷаи солонаи донишгоҳ ҳамагӣ тақрибан то 2 миллион сомонӣ буд (буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ). Имрӯз яксола маблағгузории донишгоҳи мо 30 миллионро ташкил медиҳад. Ҷои нишасти таълимӣ ба маротиб зиёд шуд, интихоби беҳтарин довталабон, заминаи фанниву моддии донишгоҳ ҳам мустаҳкам гардид. Сканнеру тахтаи электронӣ ва тақрибан 800 компютер дорем. Тамоми шароит, аз ҷумла китобхонаи олӣ дорем. Фикр мекунам, дар ҳамин шабу рӯз Донишгоҳи давлатии тибббии Тоҷикистон аз вазъияти Шӯравӣ ба маротиб беҳтар аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG