Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи ширкати сарвазири аҳди Муборак дар интихоботи Миср


Кумиссюни интихоботии Миср номзадии сарвазири пешин Аҳмад Шафиқро ба мақоми раисиҷумҳур рад кард. Ин тасмим баъд аз қабули қонун дар порлумон гирифта шуд, ки номзадии мансабдорони давлатии аҳди Ҳуснӣ Муборакро мамнӯъ медонад. Шафиқ дар рӯзҳои охири ҳокимияти раисиҷумҳур Муборак ва давраи шӯришҳои мардумӣ сарвазир таъин шуд. Пештар номзадии Умар Сулаймон, ки низ дар давраи Муборак муддати кӯтоҳ ноиб-президент буд, рад шуд. Як номзади Ихвон-ал-муслимини Миср барои доғи судияш ва номзади дигари салафӣ, барои он ки модараш шаҳрванди Амрикост, нахоҳанд тавонист, дар сабқат ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG