Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар Адигеи Русия


Полиси Русия мегӯяд, дар Ҷумҳурии Адигеи ин кишвар чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор дар фабрикаи ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Онҳо дар ин корхона, ки сокинони маҳаллӣ таъсис додаанд, ба дӯхтани пойафзол машғул будаанд. Иқомати ин шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар шаҳри Армавири Ҷумҳурии Адигеи Русия аз моҳи январи соли равон низ ғайриқонунӣ буда, эҳтимол меравад, онҳо ҷарима ва аз қаламрави Русия ихроҷ шаванд. Дар ин ҳолат онҳо панҷ сол ҳаққи сафар ба Русияро нахоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG