Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, дари Иттиҳоди Гумрукӣ ба рӯи Тоҷикистон боз аст


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфт, дари Иттиҳоди Гумрукӣ ва Фазои Ягонаи Иқтисодӣ барои Тоҷикистон боз боқӣ хоҳад монд. Дар нутқе дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Лавров изофа кард, ки Тоҷикистон дар ҳар лаҳзаи дилхоҳ метавонад ба ин созмонҳо шомил шавад. Иттиҳоди Гумрукӣ феълан аз Русия, Беларус ва Қазоқистон иборат буда, Фазои Ягонаи Иқтисодӣ иттиҳоди нави пешниҳодии Путин аст, ки ҳанӯз шакл нагирифтааст. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аст.
XS
SM
MD
LG