Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Қоҳира ҳукми “Чарли Чаплин”-и арабро тағйир надод


Додгоҳи Қоҳира ҳукми се моҳ ҳабси ҳунарпеша Одил Имомро, ки дар таҳқири Ислом айбдор мешавад, бетағйир боқӣ гузошт. Ҳаҷвнигори мисрӣ, ки “Чарли Чаплин”-и араб лақаб дошта, сафири сулҳи Созмони Милал низ аст, дар чанд кори худ, аз ҷумла филми “Ал-Ирҳабӣ” нақши бунёдгарои исломиро аз роҳи танз офарида, ҳадафи нафрати исломгароён қарор ёфтааст.
XS
SM
MD
LG