Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеое, ки шояд гиряи муҳоҷиронро орад


Вақте ин видео омода шуд, мо дудила будем, ки онро нашр кунем ё на. Зоҳиран, “начандон муваффақ” буд, чун ҳадафи аслӣ дар канор монд. Аммо ғайриинтизор, дар чанд рӯзи аввал чандсад нафар онро тамошо карданд.

Бале, пас аз нашри ҳар матлаб мо бо истифода аз барномаҳои таҳлилии Гугл ба он менигарем, ки вокуниши хонандагон ё бинандагон ба он чӣ гуна аст. Арқоми хушк танҳо нишон медиҳанд, ки чӣ теъдод матлабро боз кардаанд ва чанд дақиқа ё соат онро боз нигоҳ доштаанд, оё то охираш рафтаанд ё на. Таҳлили Гугл ба мо имкон медиҳад, паҳнои таваҷҷӯҳи мардумро ба ин ё он мавзӯъ муайян кунем. Бубинем, то куҷо мавзӯъро дуруст интихоб кардаем. Танҳо шарҳи навиштаи хонандагон ба сифати матлаб пайванд мегирад. Ин ҷо – фақат арқоми умумӣ.

Аз ин лиҳоз дар бобати видеои мазкур пешдоварие дар миён буд, ки он бинандаи зиёд нахоҳад дошт. Вале ғайриинтизор, бинандагон бо ташнагии камсобиқа онро меҷӯянд, боз мекунанд, то ба охирин сонияҳояш мераванд. Ҳоло тахмини ман ин аст, ки видеои “Фарзандони муҳоҷирони тоҷик чӣ ҳол доранд?”-ро асосан муҳоҷирон нигоҳ кардаанд. Иттфоқан таҳлили Гугл мегӯяд, оре, бештари бинандагон аз Русияанд.

Дилам мегӯяд, касе фарзанди худро дар ин навор дидааст ё писари дӯсту ҳамдиёри худро ва ба ӯ паём додааст, ки ин видеоро пайдо кунад. Шояд навор дар дили муҳоҷирон дарду аламеро зинда кардааст, ки бе онҳо наздиконашон дар чӣ ҳоланд? Мумкин, касоне ҳастанд, ки моҳҳои дароз писари худро надидаанд ва ин ҷо хоҳанд дид, ки вай чӣ қадар калон шудааст. Аслан, бад нест, падарону модарони муҳоҷир бидонанд, ки фарзандашон дар бораи онҳо чӣ мегӯяд ва ба чӣ фикр аст.

Ба ин тариқ, шумораи бинандагони навор дар муддати кӯтоҳ аз якуним ҳазор нафар гузашт ва ҳамарӯза рӯ ба афзоиш дорад. Фикр кардам, бад нест, агар наворро бори дар ин ҷо ҷой диҳем, то муҳоҷирони азиз дар ҷустуҷӯяш саргардон нашаванд. Боз кунед, бубинед, ёд кунед ва дуруд фиристед ба фарзандони худ. Агар мехоҳед, ин корро аз тариқи паёми видеоӣ анҷом диҳед, боз беҳтар. Худро, бо телефони дастӣ ҳам бошад, ба навор гиред. Дар он бигӯед, ки фарзанди Шумо бояд чӣ хел дарс хонад, чӣ корро кунаду аз чӣ кор парҳез варзад ва ваъда диҳед, ки ба зудтарин фурсат бармегардеду ӯро оғӯш гирифта, навозишаш мекунед, мебӯсед ва ашк мерезед...

XS
SM
MD
LG