Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарҳи сафари Либерман ба Озарбойҷон


Озарбойҷон мегӯяд, сафари Авигдор Либерман, вазири умури хориҷии Исроил ба Боку ба хотири тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба аст на зиддият бо Эрон ва ё кишвари дигар. Исроилу Озарбойҷон пештар гузориши маҷаллаи “Сиёсати Хориҷӣ” дар Амрикоро рад карданд, ки гуфта буд, Озарбойҷон иҷоза додааст, то Исроил дар сурати ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон аз пойгоҳҳои ҳавоии он кишвар истифода кунад. Авигдор Либерман, ин гузоришро “тахаюлӣ” ва “достони Ҷеймс Бонд” номид. Муносиботи Эрону Озарбойҷон баъди гузоришҳо дар бораи қасди Озарбойҷон барои харидани аслиҳаи исроилӣ бо арзиши 1 миллиарду 600 миллион доллар ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG