Пайвандҳои дастрасӣ

Ваксинзанӣ алайҳи дифтерия шурӯъ шуд


Дар Тоҷикистон рӯзи душанбе ваксинзании саросарии кӯдакони то 6-сола аз бемории хатарноки дифтерия ва ё гӯлузиндонак шурӯъ шуд. Хабаргузории “Ховар” навиштааст, қарор аст, то рӯзи 28 апрел дар Тоҷикистон бештар аз 730 ҳазор нафар кӯдакони аз 3 то 6 сола дар саросари кишвар аз ин беморӣ ваксина бигиранд. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бештар аз 2 ҳазор кӯдакро аз ин беморӣ ваксина задаанд. Бино ба гузоришҳо, аз соли 2002 то соли 2006 дар Тоҷикистон 46 мавриди гирифторӣ ба бемории дифтерия сабт шудааст, ки ин беморӣ дар сурати каме таъхир инсонро мекушад. Дар солҳои гузашта ҳукумати Тоҷикистон ба далели надоштани манобеъи лозим, натавонистааст, маъракаи ваксинзанӣ алайҳи ин бемориро баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG