Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юлия Тимошенко ба гуруснашинӣ пардохтааст


Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Украина, дар зиндон ба гуруснанишинӣ шурӯъ кардааст. Вакили дифоъаш, Серҳий Власенко имрӯз гуфт, хонум Тимошенко аз рӯзи 20 апрел ба нишони эътироз аз хӯрдани ғизo даст кашидааст. Юлия Тимошенко, дар зиндони Каханив ҳукми 7 солаи зиндонро адо мекунад ва Серҳий Власенко дар инҷо ба хабарнигорон гуфт, вақте хонум Тимошенкоро маҷбуран ба шифохонаи марказии шаҳри Харков овардаанд, дар бадану дасти ӯ варам дида мешуд. Ба гуфтаи Власенко, Юлия Тимошенко сахт бемор аст ва аз ҷояш хеста наметавонад ва ба нишони эътироз аз “беқонунӣ дар зиндон ва вазъ дар Украина” гуруснанишинӣ эълом кардааст. Нахуствазири собиқи Украинаро моҳи октябри соли гузашта бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ба зиндон маҳкум карданд, аммо худаш мегӯяд, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури феълӣ ва рақиби сиёсии Тимошенко аз ин роҳ, аз ӯ ниқор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG