Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигарони “Равшан”-ро муҷозот карданд


Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гунаҳкорони бозии даври севуми мусобиқаи Лигаи олии кишварро муҷозот кард.

Имрӯз, 24-уми апрел, дар ҷаласаи Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шикояти клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе баррасӣ шуд ва гунаҳкорони бозии даври севуми мусобиқаи Лигаи олии кишвар миёни дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол” муҷозот шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бархе аз бозигарони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб барои рафтори ношоям муқобили ҳароифонашон рӯзи 19-уми апрел дар бозии даври севум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, вайрон кардани регламент ё дастури мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ва риоя накардани қоидаҳои бозии футбол чунин ҷазоҳо гирифтанд:

Сафаралӣ Каримов барои сахт маҷрӯҳ кардани рақибаш аз 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд. Бенҷамин Аманква барои ду корти зард дар як бозӣ аз як бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Ҳасан Рустамов, Эраҷ Холов ва Маъруф Рустамов барои рафтори беадабона ва ғайриварзишӣ дар ҷараёни ин бозӣ ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Ҳамчунин Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Эраҷ Холов ва Маъруф Рустамов огоҳонида шуданд, ки дар мавриди такрор кардани чунин амал нисбати онҳо ҷазоҳои сангин эълон карда хоҳад шуд.

Ба ғайр аз ин, Кумитаи назорату интизоми ФФТ роҳбари дастаи “Энергетик”-и Душанберо барои таъмин накардани шароит ҳангоми баргузории бозӣ бо “Истаравшан” рӯзи 21-уми апрел дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе (набудани мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва сӯхторнишонӣ) ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баст.



XS
SM
MD
LG