Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ораш-овозхони эронӣ соҳиби дугоник шуд


Ораш, овозхони шинохтаи эронӣ, ки дирӯз 35-солагии худро таҷлил кард, рӯзе пештар 22 апрел соҳиби дугоник шуд. Ораш дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст “беҳтарин ҳадя дар зодрӯзаш ҳамин атфол будааст.” Ҳамсари Ораш, Беҳноз Ансорӣ як писару як духтар таваллуд кардааст ва ба духтараш Дунё ва ба писараш Дориён ном ниҳодаанд. Ораш моҳи марти соли 2011 бо Беҳноз издивоҷ карда буд. Ӯ, ки дар миёни ҷавонони аврупоӣ ҳам шӯҳрати зиёд дорад, дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе дар Тоҷикистон ва дар ҳузури даҳҳо ҳазор нафар ҳунарнамоӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG