Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Эрон меҳвари таваҷҷӯҳи бештари Пентагон


Бинои Пентагон - мақари вазорати дифои Амрико.
Бинои Пентагон - мақари вазорати дифои Амрико.

Пентагон қасд дорад, як созмони нави иттилоотӣ таъсис кунад, ки тамаркузи он бар Эрону Чин хоҳад буд.

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" бо нашри ин хабар навишт, маркази таваҷҷӯҳи иттилоотии Иёлоти Муттаҳида то кунун бар манотиқи ҷангӣ дар Ироқу Афғонистон буда, аммо ин амр, инак, дар ҳоли тағйир аст.

Ба гузориши ин рӯзнома, созмони нави иттилоотии Пентагон ҳолати махфиёна дорад ва барои ошкор кардани таҳдидҳои навзуҳур, аз маъмурон, мақомот ва имконоти мавҷуд истифода хоҳад кард ва дар ин робита бо созмони CIA низ ҳамкории танготанг хоҳад дошт.

Яке аз мақомҳои аршади вазорати дифои Амрико, ки номи ӯ зикр нашудааст, дар заминаи эҷоди ин ниҳоди тоза ба "Ню-Йорк Таймз" гуфта, ки "ин ҳавза назорати моро фарогиртар мекунад."

Ба қавли ин мақоми аршади вазорати дифои Амрико, хадамоти ҷадиди иттилоотӣ қарор аст, бо "чанд сад нафар" оғоз ба кор карда ва тайи солҳои оянда "чанд сад нафари дигар" ҳам ба он изофа шавад. "Ню-Йорк Таймз" менависад, афсарони бахши иттилоотии вазорати дифои Амрико дар ҳоли ҳозир маъмуриятҳои вижа дарёфт кардаанд, ки ба таври махфиёна ба гирдоварии маълумот машғуланд ва эҷоди ин сервис ҳамкори миёни низомиён ва созмони CIA-ро таҳким хоҳад бахшид.

Эъломи эҷоди созмони нави иттилоотӣ дар Пентагон як ҳафта пас аз он сурат мегирад, ки вазорати дифои Амрико генерал Майкл Флиннро ба раёсати бахши иттилооти низомии худ мансуб кард. Генерал Флинн пеш аз ин дар "ситоди фармондеҳии муштараки амалиёти вижа", ки ситоде маҳрамона аст, машғул ба кор буд.

Ситоди фармондеҳии муштараки амалиёти вижа дар солҳои ахир дар куштани шумори зиёде аз афроди муҳими гумонбар дар сафи шӯришиён дар Ироқу Афғонистон даст доштааст. Ҳамлае, ки ҳудуди соли пеш анҷом шуд ва ба кушта шудани Усома бин Лодин анҷомид, аз ҷумлаи амалиёти ин ситод будааст.

Дар ҳамин замина ҷумҳурии исломии Эрон соли гузашта аз шиносоӣ ва боздошти як ҷосуси созмони CIA дар хоки ин кишвар хабар дода буд. Вазорати иттилооти Эрон гуфт, фарди дастгиршуда як таҳлилгари иттилоотии эронитабор муаррифӣ шуда, ки тариқи хоки Афғонистон ба Эрон ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG