Пайвандҳои дастрасӣ

Боронҳои харобиовари баҳорӣ дар Тоҷикистон


Боришоти се рӯзи ахир дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон хисороти ҷонӣ ва молӣ ба бор овардааст. Наргис Нурова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари борони шадид ва резиши жолаи нимаи дуввуми рӯзи 23-юми апрел бархе аз воҳидҳои кишоварзӣ, манозили маскунӣ, замини наздиҳавлигии сокинони деҳоти ноҳияи Истаравшан дар шимоли Тоҷикистон зарари ҷиддӣ дида ва чанде аз пулҳои байни деҳот хароб шудааст.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ду рӯзи қабл дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб низ борони шадид
ба манозили маскунии сокинони хиёбонҳои Содиқов, Хати роҳ, Куйбишев, Фрунзе, Сино ва биноҳои баландошёнаи маҳаллаҳои Шоҳин, Борбад, Исмоили Сомонӣ, 50-солагӣ хисороти ҷиддӣ ворид кардааст. Манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ба афрод ва хонаводаҳои офатзада маводи ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва дигар анвои хӯрданӣ кӯмак карда мешавад.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоикистон гуфт, ҳама роҳҳои кӯҳистонии кишвар аз ҷумла роҳҳои гарданаҳо боз аст, вале аз онки эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад, ронандаҳо реҷаи муқарраркардаи Бозрасии Давлатии Автомиобилиро ба таври ҳатмӣ риоят кунанд.
XS
SM
MD
LG