Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши тозае аз вазъи мусулмонони Аврупо


Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, ба далели фарҳанг ва мазҳабашон мусулмононро дар Аврупоро пайваста аз имконоти таҳсил ва кор маҳрум мекунанд. Дар як гузориши тозаи ин созмони ҳомии ҳуқуқ, зиндагии мусулмонон дар Фаронса, Белгия, Испониё ва Ҳолланд тасвир шудааст. Дар ин гузориш омадааст, афроде, ки либосҳои махсуси исломӣ ба мисли ҳиҷоб мепӯшанд, дар ин кишварҳо имконоти бадтари кору таҳсил доранд, ки нишондиҳандаи қазовати нодуруст дар бораи онҳост. Марко Перолини, муаллифи гузориш мегӯяд, назари воҳид дар бисёре аз кишварҳои Аврупо ин аст, ки “Ҳузури мусулмонон то замоне, ки бисёр чашмгир нест, мушкил надорад.” Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо хостаанд, қонунҳои мавҷуд алайҳи табъиз алайҳи мусулмононро ба иҷро дароваранд ва барои маҳви тасвири манфӣ аз мусулмонон кӯшиш кунанд.
XS
SM
MD
LG