Пайвандҳои дастрасӣ

Созишномаи Тоҷикистону Русия омода нашудааст


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, эътироф кард, ки бо вуҷуди гузашти мӯҳлати муайяншуда, Тоҷикистону Русия натавонистаанд, бар сари созишнома дар мавриди ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба мувофиқа бирасанд. Сергей Лавров, баъди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт: «Музокирот доир ба тарҳи созишнома идома дорад. Гуфтугӯҳо идома хоҳанд кард. Дар ин замина, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дастур хоҳад дод, то музокирот суръат бахшида шавад. Мо ҳам барои ин омода мешавем.« Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, дар охирин сафараш ба Душанбе гуфта буд, созишнома дар мавриди 49 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бояд дар семоҳаи аввали соли равон барои имзо омода шавад. Аммо бинобар ихтилофи амиқи назар санади мазкур ҳанӯз ҳам ниҳоӣ нашудааст. Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон аз Русия мехоҳад, баъди соли 2014 солона барои ҳузури пойгоҳаш дар Тоҷикистон 300 миллион доллар бипардозад, аммо Маскав ба ин талаб розӣ нест.
XS
SM
MD
LG