Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои футболбозони ҷавони тоҷик – дар Малайзия


Бо тасмими Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2013 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-22) дар гурӯҳи “С” дар Малайзия баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси қуръакашӣ, ба ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Ҷазоири Молдив дохиланд. Вале ягонтои ин кишварҳо барои мизбони сабқат шудан изҳори хоҳиш накардааст.

Бинобар ин, AFC тасмим гирифт, ки бозиҳои гурӯҳи “С”-ро дар қароргоҳи худ - шаҳри Куала-Лумпур доир намояд. Бозиҳо аз 23-юми июн то 3-юми июл баргузор хоҳанд шуд.

Даври 1-ум
23-юми июн (шанбе)
Тоҷикистон – Баҳрайн
Қатар – Молдив

Даври 2-юм
25-уми июн (душанбе)
Баҳрайн – Кувайт
Эрон – Қатар
Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм
28-уми июн (панҷшанбе)
Кувайт – Тоҷикистон
Молдив – Эрон
Баҳрайн – Қатар

Даври 4-ум
30-юми июн (шанбе)
Қатар – Кувайт
Молдив – Баҳрайн
Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум
3-юми июл (сешанбе)
Кувайт – Молдив
Тоҷикистон – Қатар
Баҳрайн – Эрон
Минтақаи ғарбӣ

Гурӯҳи А: АМА, Ироқ, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Лубнон.

Гурӯҳи В: Арабистони Саудӣ, Сурия, Покистон, Фаластин, Қирғизистон, Шри-Ланка.

Гурӯҳи С: Баҳрайн, Эрон, Тоҷикистон, Қатар, Кувайт, Молдив.

Гурӯҳи D: Узбакистон, Урдун, Яман, Бангладеш, Непал.

Минтақаи шарқӣ
Гурӯҳи Е: Австралия, Ҷопон, Индонезия, Сингапур, Макао, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи F: Кореяи Шимолӣ, Чин, Тайланд, Ҳонконг, Лаос, Камбоҷа.

Гурӯҳи G: Кореяи Ҷанубӣ, Вйетнам, Малайзия, Мянмар, Тайван, Филиппин.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниҳоӣ, ки аз 11-ум то 26-уми январи соли 2014-ум баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё Миёни ҷавонони то 22-соларо Конфедеросиюни футболи Осиё барои бори аввал баргузор кардааст ва мувофиқи нақша он дар ҳар ду сол як маротиба доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2014 ба тарзи озмоишист ва аммо мусобиқае, ки соли 2016-ум баргузор мешавад, мақоми сабқати интихобиро ба Олимпиадаи соли 2016 дар Бразилия касб мекунад.
XS
SM
MD
LG