Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатар ба муҳоҷирони тоҷик "оғӯш" мекушояд


Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов ва муовини амири Қатар Ҳаммод Ал-Сонӣ.

Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов ва муовини амири Қатар Ҳаммод Ал-Сонӣ.

Қарор аст як ҳайати баландпояи давлати Қатар ҷиҳати даъват ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вориди Душанбе шавад.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, сафари ҳайати давлати Қатар дар рӯзҳои 26-27 апрел иттифоқ хоҳад афтод. Ҳайати мазкур якҷо бо ниҳодҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар ҷузъиёти лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ»-ро, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таҳия намудааст, баррасӣ хоҳад кард.

То кунун шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти кор бештар ба Русия ва Қазокистон мераванд. Гуфта мешавад солона наздики ду миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба кору фаъолият машғул мешаванд. Зимнан, шароити кории муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба як мушкилии доимии мақомоти ин кишвар табдил шудааст.

Ва гоҳо ҳам мавридҳое пеш омада буданд, ки Русия аз муҳоҷирон ба унвони абзори фишор болои давлати Тоҷикистон истифода кардааст. Ба ин далел мақомоти Тоҷикистон талош доранд бо пайдо кардани кишварҳои дигар ва ё алтернативӣ, ки имконияти кору зиндагиро барои муҳоҷирони корӣ фароҳам оварад, шиддати чунин фишорҳоро коҳиш бидиҳанд.

Ва аммо ҳайати давлати Қатар дар ҳоле мехоҳад аз хидмати муҳоҷирони кории тоҷик истифода кунад, ки дар ду соли қабл як ширкате бо номи «Замони Юнус» бо ваъдаи фароҳам кардани ҷойи кор ва маоши муносиб дар Арабистони Саудӣ, аз садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон маблағ ситонида, вале ваъдаашро иҷро накард. Дар ҳафтаи қабл кормандони умури дохилаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт карданд ва дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG