Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав ба сафари Лавров аҳамияти зиёд қоил аст


Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, гуфтушуниди Сергей Лавров бо мақомоти Тоҷикистон “дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва стратегии байни Русия ва Тоҷикистон саҳми муҳиме хоҳад дошт. Робитаҳои мо ба манфиати халқҳои ду кишвар, таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд. Ин изҳорот дар ҳоле нашр шудааст, ки қарор аст, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷики худ Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башарӣ ду кишварро дар ҳайати Иддиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG