Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири кулли Созмони Милал ба дидани Сан Су Чи меравад


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун гуфт, ба Миянмар сафар ва бо раҳбари ислоҳталабони ин кишвар Аунг Сан Су Чи мулоқот мекунад. Интизор меравад, ки сафари Бан ба Миянмар рӯзи 29-уми апрел иттифоқ афтад. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки Иттиҳоди Аврупо бо назардошти таҳаввулоти як соли охири Миянмар иҷрои таҳримҳои худро, ба истиснои фурӯши аслиҳа ба ин кишвар, боздорад. Дар Миянмар ислоҳоте идома дорад, ки ҳокимиятро аз ҳарбиён ба гурӯҳҳои сиёсӣ интиқол хоҳад дод. Ширкати Сан Су Чи дар интихобот ва узвияти ӯ дар маҷлиси қонунгузор низ аз ҷумлаи ин ислоҳот аст.
XS
SM
MD
LG