Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон дар Дубай


Дар соҳили осоишгоҳи Аҷмани Дубай ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон кашф шудааст. Мақомоти Амороти Муттаҳидаи Араб мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд марди 53-сола ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда бошад. Вале ҷасад дар ҳоле ёфт шудааст, ки баҳр ором буда, барои шиноварӣ хатаре надошт. Мудири дифои шаҳрвандии минтақа Солеҳ Сайид Ал-Матрушӣ гуфтааст, тахмин меравад, ки марги шаҳрванди Тоҷикистон дар асари заъфи ӯ дар шиноварӣ ё ба фосилаи зиёд дур шуданаш аз соҳил иттифоқ афтодааст. Номи шаҳрванди Тоҷикистон эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG