Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ин вакил аз мунаққидони Карзай аст ва ба тағйири шакли давлатдорӣ дар Афғонистон даъват мекунад.

Дафтари вакили Конгресси Амрико, Дана Роҳрабачер, тасдиқ кард, ки сафари ин конгрессмен ба Кобул бо фишори раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай лағв гардид. Дар изҳороти Роҳрабачер гуфта мешавад, вай мебоист дар охирин лаҳзаҳо ба як ҳайати Иёлоти Муттаҳида шомил мешуд, ки қарор аст, бо фармондеҳи узбактабори собиқ Эътилофи Шимол, Абдулрашиди Дӯстум ва дигар раҳбарони мухолифони афғон мулоқот кунад.

Роҳрабачер, ки собиқаи 23-солаи узвият дар Конгрессро дорад, аз мунаққидони сарсахти Карзай ба шумор меравад. Карзай гуфтааст, агар Роҳрабачер ба ҳавопаймое, ки ҳайати амрикоиро рӯзи ҷумъа аз Дубай ба Кобул интиқол медод, ворид шавад, вай вуруди тамоми ҳайатро ба Афғонистон манъ хоҳад кард.

Дар изҳороти дафтари Роҳрабачер гуфта мешавад, талаби Карзай ба ӯ ба воситаи вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон расонда шуд, ки низ “шахсан аз Дана тақозо мекард, ки сафарашро ҳамроҳи ҳайат идома надиҳад.”

Роҳрабачер дар Дубай монд. Пештар гузориш шуда буд, ки гӯё ба Роҳрабачер раводиди сафари Афғонистон дода нашудааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон, Ҷонон Мӯсозай ба Радиои Озодӣ гуфт, ин вазорат ҳаққи додан ё надодани виза ба атбои хориҷиро дорад, вале аз шарҳи ҳодисаи Роҳрабачер худдорӣ кард.

Дана Роҳрабачер

Дана Роҳрабачер

Роҳрабачер, ки дар Маҷлиси Намояндагони Амрико раёсати Зеркумитаи назорат ва таҳқиқи умури хориҷиро дар ӯҳда дорад, дар гузашта ба таҳқиқи иттиҳомоти фасод дар ҳукумати Афғонистон даъват шудааст. Сарварии ӯ ба ҳайати хурди қонунгузорони асосан ҷумҳурихоҳи Иёлоти Муттаҳида дар мулоқот бо сиёсатмадорони мухолифи афғон дар Берлин дар моҳи январи соли равон низ хашми Кобулро овардааст.
Дар ин ҳамоиш вай аз шакли ғайримутамаркази ҳукумат дар Афғонистон ҳимоят кард ва гуфт: “Ҳукумати аз ҳад зиёд мутамарказ дар Афғонистон хилофи фарҳанги ин мамлакат аст ва монеаи пешрафт ба сӯи бунёди ҷомеаи босубот ва демократӣ шудааст.”

Дар Берлин ва ҷойҳои дигар Роҳрабачер ҳамчунон гуфтшуниди ҳукумати Карзайро бо Толибон танқид мекунад ва онро “хиёнат ба амрикоиҳое” меномад, “ки дар як даҳаи охир хуни худро барои афғонҳо рехтаанд” ва “фурӯши батамоми афғонҳои ҷасури Эътилофи Шимол” мешуморад, ки “баъд аз 9/11 дар канори амрикоиҳо ҷонбозӣ кардаанд.”



Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида аз ин мавзеъҳои Роҳрабачер фосила мегирад. Дар шарҳи мулоқоти ӯ дар Берлин, сухангӯи ин вазорат Виктория Нуланд гуфта буд: “Ба бовари мо ҳамеша беҳтар аст, ки аъзои Конгресси мо бо гурӯҳҳои васеи раҳбарони сиёсии афғон мулоқот кунанд, на бо як қисмати хурд.”

Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кобул рӯзи душанбе дар бораи сафари ҳайати бидуни Роҳрабачер ба изҳорот дод. Дар он гуфта мешавад, “Аъзои Конгресс аз Вазорати умури хориҷӣ ё ягон қисмати дигари қудрати иҷроия намояндагӣ намекунанд. Ҳузур ва назари онҳо ба таври хусусӣ тарҳрезӣ шуда, баёнгари назари Президент ё Ҳукумат нест.”

Дурӣ ҷустани Карзай аз Роҳрабачер ба давраи ҳассоси муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон рост омад. Ҳамкории ояндаи байнулмилалӣ дар Афғонистон моҳи оянда мавзӯи нишасти сарони НАТО дар Чикаго хоҳад буд ва Кобулу Вашингтон ҳоло қарордоди коршарикии дарозмуддатро баррасӣ мекунанд. Тибқи он Иёлоти Муттаҳида бояд пуштибонии ҳарбӣ ва молии Афғонистонро барои ба камияш 10 соли пас аз хуруҷи тарҳрезишудаи нерӯҳои ҷангии НАТО дар соли 2014 таъмин кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG