Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш ҳизби мухолифи Украина дар як эътилоф муттаҳид шуданд


Шаш ҳизби мухолифи Украина эълом доштанд, ки барои рақобат бо раисиҷумҳур Виктор Янукович як эътилофи ягонаро ташкил додаанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳайати ин эътилоф дар интихоботи порлумонии моҳи октябр ширкат хоҳанд кард. Ду ҳизби ин иттиҳод аз қавитарин аҳзоби Украина ба шумор мераванд. Яке аз онҳо ҳизби сарвазири пешин Юлия Тимошенко мебошад, ки ҳоло дар маҳбас ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG