Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши барандагони Ҷоизаи Сулҳи Нобел дар Чикаго


Дар Чикагои Иёлоти Муттаҳида нахустин ҳамоиши ҷаҳонии барандагони Ҷоизаи Сулҳи Нобел баргузор мешавад. Интизор меравад, президенти пешини Иттиҳоди Шӯравии собиқ Михаил Горбачёв, Далай Лама, раисиҷумҳури пешини Амрико, Ҷиммӣ Картер, ҷамъан 11 барандаи ҷоиза гирди ҳам оянд. Қарор аст, онҳо дар чанд ҷамъомад зери шиори мубориза барои озодӣ ва ҳуқуқ сӯҳбат ва дар зиёфати президенти собиқи Иёлоти Муттаҳида Билл Клинтон ширкат кунанд. Ҳамоиши лауреатҳо ҳафтаҳое пеш аз нишасти сарони НАТО дар Чикаго баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG