Пайвандҳои дастрасӣ

Чин хостори таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ бо Тоҷикистон аст


Вазири дифои Чин Лянг Гуанглӣ дар дидор бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Хайруллоев рӯзи душанбе дар Пекин гуфт, кишвараш омодааст, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию мухобиротии худро бо Тоҷикистон таҳким диҳад. Вай ба равобити ду кишвар дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой арҷ гузошт ва дар посух Хайруллоев гуфт, ки Тоҷикистон Чинро як ҳамкори умдаи худ медонад ва таҳкими робитаҳои дӯстонаро муҳим мешуморад. Лянг ҳамчунин бо вазири дифои Узбакистон Рустам Ниёзов низ мулоқот кард ва ду ҷониб хостори густариши ҳамкориҳо шуданд.
XS
SM
MD
LG