Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз барои музокирот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари ин кишвар вориди Душанбе мешавад. Ҳадафи расмии ин сафар ширкат дар маросими 20-солагии равобити дипломатии Душанбеву Маскав гуфта мешавад. Вале мақомоти тоҷик ҳамчунин мехоҳанд масоили ҷамъшуда дар равобити ду кишвар, аз ҷумла сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон, бо шумули мушорикати «Газпром» дар коркарди конҳои гази ин кишварро бо Лавров баҳс кунанд. Мавзӯъи дигар ғолибан баҳси қарордоди пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG