Пайвандҳои дастрасӣ

Узви Конгресси Амрикоро ба Афғонистон роҳ надоданд


Дана Роҳрабачер

Дана Роҳрабачер

Бино ба хабарҳо, мақомоти афғон ба вакили Конгресси Амрико Дана Роҳрабачер, ки аз мунтақидони раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аст, ҳаққи раводиди сафар надодаанд ва ӯро рӯзи ҷумъа дар Дубай ба ҳавопаймои озими Афғонистон роҳ надоданд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон Ҷонон Мӯсозай гуфт, ин вазорат ҳаққи додан ё надодани виза ба атбоъи хориҷиро дорад, вале аз таъйид ё такзиби хабари тардиди раводиди Роҳрабачер худдорӣ кард. Роҳрабачер – раҳбари зерикумитаи назорат ва таҳқиқоти кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагон – раҳбарии як ҳайъати Амрикоро, ки бояд бо Абдулрашиди Дӯстум ва раҳбарони дигари мухолифини афғон мулоқот мекард, бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG