Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СБП мизони афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон ба кишварҳои Осиёи Марказиро дар соли ҷорӣ ҳудуди 13 дарсад арзёбӣ кардааст.

Ба гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП), мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 6 дарсадро ташкил хоҳад дод. Бо таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, ки давраи мушкилеро пушти сар кардааст, ин рақам барои Тоҷикистон нишондоди муассир дониста мешавад. Аммо таҳлилҳо баёнгари он аст, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирони корӣ таъмин мешавад.

Бар асоси гузоришҳо беш аз 1 миллион ҷамъияти Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сар мебаранд ва дар соли гузашта онҳо ҳудуди 3 миллиард доллар ба Тоҷикистон маблағ фиристодаанд. Воқеияти ҳаёт дар Тоҷикистон ҳокист, ки муҳоҷирати меҳнатӣ-манбаи аслии таъмини рӯзгори хонаводаҳо шудааст. Ҳоло кам оилаеро пайдо кардан мумкин аст, ки яке аз аъзои он дар муҳоҷирати корӣ набошад.

Хонаводаи Санавбар Ашӯрова, сокини ноҳияи Фархор, аз панҷ нафар иборат аст ва писари калонии вай - Ориф соли дувум аст, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатист ва ӯ танҳо таъминкунандаи оила маҳсуб мешавад. Бону Санавбар дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт: "Писари калониам якуним сол аст, ки дар шаҳри Маскав кор мекунад, дар ду-се моҳ 500-600 доллар мефиристад. Ин пулро асосан барои ба истилоҳ "шикам", яъне ғизо ва либос сарф мекунем. Ҳатто вақтҳое мешавад, ки ин пул намерасад ва мо чашм ба роҳем, ки кай писарам пул мефиристад ва зиндагиро пеш барем."

Музаффар Зарифов

Музаффар Зарифов

Аммо мушоҳидаҳо бар ин аст, ки бештари ҷавонон муддатеро дар муҳоҷират паси сар мекунанд ва баъдан бо он пул мошин мехаранд ва ё издивоҷ мекунанд. Сангаҳмад, ки соҳиби ҳамсару се фарзанд аст, аз пули кор кардааш як мошин харидааст: "Ба Русия рафта будам. Бо 5 ҳазор долларе, ки аз Русия овардам, як мошин харидам. Аммо бо ин нарху наво ва нархи бензин дигар ин мошинро ҳам истифода ва гардон карда наметавонам."

Ин дар ҳолест, ки Музаффар Зарифов, раиси созмони "Муҳоҷират ва Рушд" дар Тоҷикистон мегӯяд, пажӯҳишу таҳлилҳои ин созмон собит кардааст, бо он ки муҳоҷирони тоҷик пули хубе ба Тоҷикистон меоранд ва ё мефиристанд, аммо қисми зиёди маблағҳо барои хароҷоти рӯзгор ва таъмини оилаҳо масраф мешавад: "Асосан барои бардоштани сатҳи зиндагӣ асбобҳои рӯзгор бисёртар мехаранд, телевизионҳои моҳвораӣ, мошин мехаранд, ҷавонон зан мегиранд. Баъд барои маъракаҳо бисёртар масраф мешавад. Ин чизҳои асосӣ аст, барои мардуми тоҷик."

Аммо дар миёни муҳоҷирон афроди ангуштшуморро ҳам пайдо кардан мумкин аст, ки на танҳо дар фикри таъмини рӯзгори оила, балки дар андешаи гардон кардани маблағҳои ба даст омада аз муҳоҷират ҳастанд. Акбар, яке аз ин ҷавонон аст, мегӯяд, бо пуле аз муҳоҷират ба даст овардааст, як корхонаи хурди масолеҳи сохтмонӣ - хиштрезӣ ташкил карда ва ҳоло ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. Вай дар посухи ин суол, ки чӣ ӯро водор кард, то ба чунин иқдоме даст занад, гуфт: "Барои он ин корро кардам, дигар вориди Русия нашавам ва омилҳои гуногун аст, ки боиси хавфу хатари зиндагии шахс дар Русия мешавад. Фикр кардам, ватан хубтар аст ва хостам дар ин ҷо ҳамин шароитҳоро фароҳам ораму дар ватан бошам."

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Ба таъкиди Акбар, корхонаи кӯчакаш ҳам хонаводаашро мехӯронаду ҳам даромаде ба ӯ медиҳад. Константин Бондаренко, раҳбари Клуб ё Бошгоҳи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба ин назар аст, албатта, ҷавононе ҳастанд, ки пули муҳоҷиратро бо мақсади даромад гирифтан истифода кунанд, аммо, ҳоло ин гуна афрод кам мебошад: "Ҳастанд, касоне, ки ояндаро фикр мекунад, маршрутка мегирад кор мекунад, то пул даромад кунад ё тиҷорат роҳандозӣ кунад. Аммо ин гуна афрод кам аст. Мумкин аст, онҳо то 10 дарсади муҳоҷиронеро, ташкил диҳанд, ки барои кор ба Русия мераванд."

Музаффар Зарифов, раиси созмони "Муҳоҷират ва Рушд" сабаби то ҳол барои даромад ва фоида истифода нашудани қисми зиёди пули муҳоҷиронро чунин шарҳ дод: "Вақте дӯсти ман аз Сочӣ бо пули бисёр омад ва пешниҳод кард, ки бизнес кушоем. Чун як, ду, се, чор шаб фикр кардем, аммо ба хулосае нарасидем. Зеро ҳудуди бозори иқтисодии Тоҷикистон хеле хурд ва маҳдуд аст ва ба қавли русҳо "конкуренсия" хеле баланд аст. Конкуренсияе, ки дар Тоҷикистон аст, хеле "бераҳм" аст ва дорандаҳо ҳар гоҳ хоҳанд Шуморо ба истилоҳ "чаппа" месозанд. Дувум, ҷавонони мо саводи дурусти бозорӣ надоранд ва пули дар даст бударо дуруст истифода карда наметавонанд."

Аз сӯи дигар раиси созмони "Муҳоҷират ва рушд" бар ин назар аст, ки маҳз танзим нашудани хонавода сардори оиларо намегузорад, то пуле, ки худ ва ё писараш аз муҳоҷират ба даст меорад, барои умури даромад истифода кунад. Зеро ба таъкиди вай, хонаводаҳо дар рустоҳо, ки 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, аз 5 то 10 нафар иборатанд ва маҳз пули муҳоҷират аст, ки аробаи зиндагии онҳоро ба пеш мебарад.

Аммо аз сӯи дигар шароити деҳот низ намегузорад, то ҷавононе, ки пули муҳоҷират дар даст аз Русия бармегарданд, ба умури соҳибкорӣ машғул шаванд ва дар фикри "якеро ду" кардани он бошанд. Бештари ҷавонони деҳотие, ки дубора ба муҳоҷират мераванд, маблағи сафар, аз ҷумла билети қатора ва ё ҳавопайморо аз пули қарз дарёфт мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG