Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд иҷборан нозо кардани занонро рад кард


Давлати Узбакистон хабарҳо дар бораи барномаи махфии нозо кардани занон ба хотири назорати мизони таваллудро рад кард. Вазорати хориҷаи Узбакистон имрӯз дар посух ба чунин иддао барномаи танзими оила дар ин кишварро намунаи ибрат барои кишварҳои дигари нафақат Осиёи Марказӣ, балки тамоми дунё номид. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон дар солҳои гузашта Тошкандро ба истифодаи сиёсати иҷборан нозо кардани занон ба хотири танзими таваллуд дар ин кишвари фақир айбдор мекарданд. Узбакистон бо зери 30 миллион аҳолӣ пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказист.
XS
SM
MD
LG