Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримоти ИА алайҳи Мянмар мутаваққиф мешавад


Нишасти ИА дар Люксембург

Нишасти ИА дар Люксембург

ИА дар посух ба ислоҳоти як соли охири Мянмар таҳримот алайҳи ин кишвари Осиёи ҷанубушарқиро мутаваққиф кард. Нишасти вузарои хориҷаи ИА дар Люксембург бар сари тавқифи тамоми таҳримот, ба истиснои манъи фурӯши силоҳ, тавофуқ кард. Ислоҳоти ҳукумати мулкие ки як сол пеш ба ҷои низомиҳо ба қудрат омад, аз ҷумла имкон дод, ки дар интихоботи миёндавраии як моҳи пеш ислоҳталаби маъруф Аунг Сан Су Ҷӣ ва тарафдорони ӯ пирӯз шаванд. Вале Сан Су Ҷӣ ва аъзои ҳизби ӯ аз ширкат дар иҷлосияи имрӯзаи парлумон даст кашиданд. Онҳо мехоҳанд матни савганди парлумон иваз шавад.
XS
SM
MD
LG