Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 апрел - оғози мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 25-уми апрел мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон оғоз меёбад.

Ба иттилои Федеросиюни футболи Тоҷикистон имсол дар мусобиқаи лигаи аввал ширкати 14 даста (7 даста аз вилояти Хатлон, 3 даста аз Душанбе ва 4 даста аз шаҳру навоҳии тобеи марказ) дар назар аст.

Инҳо дастаҳои «Локомотив», «Пойтахт», СКИФ (ҳарсе аз шаҳри Душанбе), «Саройкамар» (ноҳияи Панҷ), «Сабо» (ноҳияи Шаҳринав), «Ситора», «Кӯктош» (ҳарду аз ноҳияи Рӯдакӣ), «Ҳулбук», «Самар» (ҳарду аз ноҳияи Восеъ), «Бохтар» (ноҳияи Бохтар), «Барқ» (шаҳри Норак), «Файзобод» (ноҳияи Файзобод), «Пахтакор» (ноҳияи Қабодиён) ва «Панҷшер» (ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ).

Давраи аввали мусобиқа аз 25-уми апрел то 11-уми июн идома хоҳад кард.

Даври 1-ум
25-уми апрел (чоршанбе)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Панҷшер» (Румӣ)
«Сабо» (Шаҳринав) – «Самар» (Восеъ)
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Ситора» (Рӯдакӣ)
«Ҳулбук» (Восеъ) – «Пахтакор» (Қабодиён)
«Пойтахт» (Душанбе) – «Барқ» (Норак)

Бозиҳо соати 16 шурӯъ мешаванд.

Эзоҳ: бозиҳои «Бохтар» - «Файзобод» ва «Локомотив» - СКИФ ба мӯҳлати дертар гузошта шудаанд.
XS
SM
MD
LG