Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон тарҳи паймон бо Амрикоро баҳс хоҳад кард


Интизор меравад, мақомоти аршади Афғонистон имрӯз парлумонро аз тарҳи ниҳоишудаи паймони Кобулу Вошингтон дар мавриди кумакҳои ояндаи Амрико дар ҷараён гузоранд. Вазири хориҷа Залмай Расул дар маҷлиси болоӣ ва мушовири амнияти миллӣ Рангин Додфар Спанто дар маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон суханронӣ хоҳанд кард. Тарҳи ниҳоии Қарордоди мушорикати стротегиро дирӯз Спанто ва сафири Амрико дар Кобул Раян Крокер расмӣ карданд. Ин паймо, ки шароити ҳамкориҳои ғайринизомӣ бо Амрико баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар соли 2014-ро таъйин мекунад, бояд акнун аз сӯи ҳарду маҷлиси парлумон тасвиб шавад. Шароити ҳузури низомии Амрико дар як қарордоди алоҳида мушаххас хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG