Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи эмкунӣ аз дифтерия дар Тоҷикистон


Имрӯз дар Тоҷикистон бо кумаки Созмони ҷаҳонии беҳдошт маъракаи саросарии эмкунӣ аз маризии дифтерия(гулӯзиндонак) оғоз ёфт. Ба навиштаи «Азия Плюс» , дар даври аввали ин маърака, ки то 28 апрел хоҳад гузашт, 730 000 кӯдаки аз 3 то 6-сола эм хоҳанд гирифт. Дар давраҳои баъдии ин маърака вазорати беҳдошт эмкунии атфол ва наврасони аз 7 то 12- ва аз 13 то 21-соларо дар назар дорад. Аммо замони баргузории ин ду даври эмкунӣ ҳанӯз эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG