Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолланд ва Саркозӣ ба даври дувум хоҳанд рафт


Охирин натоиҷи шумориши орои интихоботи дирӯзаи раёсатҷумҳурии Фаронса ҳамчунон ҳокии пешсафии номзади ҳизби сотсиалист Франсуа Ҳолланд бар раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Никола Саркозист. Ҳолланд 28,63 фоиз ва Саркозӣ 27,08 фоиз ҳимояти мардумро ба даст овардаанд. Ҳарду акнун рӯзи 6 май дар даври дувуми интихобот вориди рақобат хоҳанд шуд. Раисиҷумҳури Фаронса барои 5 сол ва бо касби пуштибонии дастикам 50 фоизи мардум интихоб мешавад.
XS
SM
MD
LG