Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як мард занашро кушт ва худро ба дор овехт


Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз фоҷиаи як хонавода дар ноҳияи Хуросон хабар дод. Маҳмудулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки сокини ноҳияи Хуросон Шӯҳрат Қодиров пас аз як муноқишаи хонаводагӣ, бо се зарби корд занаш Раҷабгул Қоидроваро ба қатл мерасонад ва ба дунболи он худашро низ ба дор меовезад. Ҳамсояҳо вақте вориди манзили Қодиров мешаванд, ки аллакай вай ҷон додааст. Дар ноҳияи Истаравшан низ бар асари муноқишаи хонаводагӣ Наими Тоҳир хоҳарзодаашро ба қатл мерасонад. Сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ҳодисаҳо дар ду рӯзи ахир рух додаанд. Ва дар зарфи се моҳи соли равон бар асари муноқишаҳои хонаводагӣ 17 нафар кушта шудааст, ки аксари онҳо ҷавонон мебошанд.
XS
SM
MD
LG