Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири дифои Тоҷикистон ба Чин рафт


Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев

Вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев, барои ширкат дар нишасти вазирони кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои Шонгҳой субҳи рӯзи 23-юми апрел озими Пекин шуд. Дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки нишасти вазирони дифои ин созмон се рӯз идома карда, дар он масъалаҳои ҳамкорӣ ва таҳкими амнияти минтақа баррасӣ хоҳад шуд.

Ба қавли манбаъ, имкон дорад дар ҳошияи ин нишаст вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) мулоқоти як ба як анҷом диҳад ва масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад.

Дар назар аст, яке аз масъалаи дигаре, ки вазирони ин созмон мавриди гуфтугӯ қарор хоҳанд дод, чигунагии баргузории як машқи низомии кишварҳои узви созмон дар Тоҷикистон дар моҳи июн бошад. Ин машқи низомӣ дар размоишгоҳи "Чоруқдарон"-и вилояти Суғд дар аввалҳои моҳи июни соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.

Ба қавли Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон дар авоили моҳи март дар нишасти қабл аз баргузории машқи низомӣ дар Хуҷанд намояндагони вазоратҳои дифои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Вале, ба гуфтаи ӯ, намояндагони вазорати дифои Узбакистон иштироки худро дар ин машқи низомӣ мавқуф гузошта буданд.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Чину Русия ва чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG