Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон севум шуд


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) бо роҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар Фестивал ё Ҷашнвораи футболи Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC), ки аз 5-ум то 16-уми апрел дар Исломободи Покистон баргузор шуд, мақоми севумро касб кард.

Футболбозони навраси тоҷик аз 9 бозӣ дар сетоаш пирӯз шуда, чаҳор бозиро мусовӣ карданд ва дар ду бозӣ мағлуб гаштанд. Таносуби тӯбҳо 4-2 мебошад. Тими мунтахаби наврасони Афғонистон мақоми аввал ва дастаи Покистон мақоми дувумро соҳиб шуданд.

“Ҷашнвора ба футболбозони навраси мо имкон дод, таҷоруби хуби бозии байналмилалӣ касб намоянд ва ба мусобиқоти оянда, ки таҳти сарпарастии Конфедеросиюни футболи Осиё баргузор хоҳад шуд, хуб омода шаванд,” - гуфт ба “Озодӣ” Раҷаб Расулов.

Дар ҷашнвора, инчунин, давраҳои бозомӯзии доварону мураббиёни ҷавон баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора ду довари ҷавон – Наимҷон Мансуров ва Комилҷон Раҳмонов намояндагӣ карданд.

Натоиҷи бозиҳои мусобиқа:

Даври 1-ум. Тоҷикистон – Покистон – 1:0. Афғонистон – Покистон-II – 1:0.

Даври 2-юм. Тоҷикистон – Покистон-II – 2:0. Афғонистон – Покистон – 0:0.

Даври 3-юм. Покистон – Покистон-II – 3:0. Афғонистон – Тоҷикистон – 0:0.

Даври 4-ум. Покистон – Покистан-II – 2:1. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0.

Даври 5-ум. Покистон-II – Тоҷикистон – 1:0. Афғонистон – Покистон – 0:0.

Даври 6-ум. Афғонистон – Покистон-II – 1:0. Покистон – Тоҷикистон – 1:0.

Даври 7-ум. Покистон-II – Тоҷикистон – 0:0. Афғонистан – Покистон – 1:0.

Даври 8-ум. Тоҷикистон – Покистон – 0:0. Покистон-II – Афғонистон – 0:0.

Даври 9-ум. Тоҷикистон – Афғонистон – 0:0. Покистон-II - Покистон – 4:2.
XS
SM
MD
LG